АМИТ «ХОВАР» ВА АИ «ТРЕНД» — И ОЗАРБОЙҶОН СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ ИМЗО НАМУДАНД

Март 10, 2009 11:04

                    Душанбе, 10 март (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Агентии миллии иттилоотии «Ховар» — и Тоҷикистон ва Агентии иттилоотии «Тренд» — и Озарбойҷон созишномаи хамкорӣ имзо намуданд. Созишномаи ҳамкориро дар соҳаҳои гуногун аз ҷумла, дастраси ҳамдигар гардонидани иттилоот, таҷрибаомӯзии журналистон ва ғайраро пешбинӣ менамояд. Созишнома ба АМИТ «Ховар» имкон медиҳад, ки мавқеи худро ҳамчун паҳнкунандаи ҷиддӣ ва боэътимод дар байни воситаҳои дигари ахбори оммавӣ мустаҳкам намуда, доираи пахши хабарҳоро ба мамлакатҳои хориҷӣ вусъат бахшида, таҷрибаи агентиҳои иттилоотии хориҷиро омӯзад.                     Агентии миллии иттилоотии «Ховар» дар Тоҷикистон мақоми нашрияи расмии марказии давлатии иттилоотиро дорад. Он дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар бобати паҳн намудани ахбори воқеъбинона мақоми махсус касб намудааст. Агентӣ соли 1925 ташкил ёфта, то соли 1992 дар системаи ТАСС бо номи «ТоҷикТА» фаъолият дошт. Агентӣ дар марҳилаи истиқлолияти давлатӣ аввал ба Маркази иттилоотии Тоҷикистон (МИТ «Ховар») ва сипас ба Агентии миллии иттилоотии назди Ҳукумати мамлакат табдил ёфт.                      Агентии иттилоотии «Тренд» — и Озарбойҷон агентии хусусӣ буда, соли 1995 ташкил ёфтааст. Хабарҳои он бо 5 забон — англисӣ, русӣ, форсӣ, арабӣ ва озарӣ пахш карда мешаванд. Агентӣ дар бораи рӯйдодҳои сиёсию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии Озарбойҷон, минтақа ва саросари ҷаҳон хабарҳои таъҷилӣ паҳн менамояд.                    Агентии иттилоотии «Тренд» аз рӯи натиҷаҳои солҳои 2006 ва 2007 сазовори ҷоизаи «Муассисаи беҳтарини сол» гардида, соли 2008 дар озмуни махсуси воситаҳои ахбори оммавии электронии минтақаи Евразия ғолиб омад.                                                                                                                                                    Тарҷумон — Қудратов А. 

Март 10, 2009 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд