БАҚИЯПУЛИҲОИ АНДОЗ МЕАФЗОЯНД
Истаравшан, 19 март. (АМИТ «Ховар», Ҳусейн Нарзулло). — Дар давоми 2 моҳи аввали соли равон ба буҷаи умумиҷумҳуриявӣ ба маблағи 6 198 377 сомонӣ ворид гардид, ки ин бо назардошти андози иҷтимоӣ 108 % — ро ташкил медиҳад. Дар ин давра нақшаи буҷаи маҳаллӣ низ барзиёд иҷро гардид. Ба буҷаи маҳаллӣ ба маблағи 2 893 637 сомонии пешбинишуда 3 154 053 сомонӣ ворид гардид. Масъалаи бақияпулиҳои андоз ташвишовар буда маблағи он дар ин давра 6 875 305 сомониро ташкил кард. Сабаби асосии афзоиш ёфтани бақияпулиҳои андоз ин сари вақт пардохт нашудани андози ягона ва андози замин мебошад. Бинобар ин дар ҷамъомад Раёсати иқтисод ва савдои дастгоҳи раиси шаҳр, идораи нозироти андоз ва Раёсати молия вазифадор карда шуданд, ки барои ҳарчи камтар сохтани қарзи андоз дар семоҳаи аввали соли равон чораҳои зарурӣ андешанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






