БА ДУШАНБЕ БОЗ 36 АВТОБУСИ НАВ ОВАРДА ШУД
Душанбе, 10 март (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Ба пойтахти мамлакат боз 36 автобуси нави тамғаи «ПАЗ» ворид карда шуд. Директори Муассисаи воҳиди давлатии коммуналии «Автобус — 1» Фирдавс Саидов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки акнун ҳамаи 150 автобуси нави ба пойтахт овардашуда ба сокинон ва меҳмонони он хизмат мерасонанд. Автобусҳои нав нисбатан тезрав буда, сӯзишвориро камтар сарф менамоянд. Ҳоло дар муассиса 60 ронанда усулҳои идораи автобусҳои навро меомӯзад. Барои онҳо як автобуси таълимӣ ва 20 мураббӣ ҷудо карда шудаанд. Ф.Саидов зикр намуд, ки муассиса ба бештар аз 200 ронандаи автобус ва нозирони ботаҷрибаи аз 21 -сола боло эҳтиёҷ дорад.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






