БА ФАЪОЛИЯТИ МИЛИТСИЯ АЗ КАМШАВИИ ҶИНОЯТ БАҲО МЕДИҲАНД
Душанбе, 25 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар моҳи январ-феврали соли 2009 дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷинояткорӣ 9,4 фоиз кам шудааст, ғайр аз вилояти Хатлон, ки дар он ҷо ҷиноят 3,4 фоиз афзоиш ёфтааст,-иброз доштанд дар Вазорати умури дохила ба мухбири АМИТ «Ховар». Дар ду моҳи соли 2009 шумораи ҷинояткорӣ дар ноҳияи Файзобод 40 фоиз, шаҳри Роғун -25, ноҳияи Турсунзода -24,3 ноҳияи Рӯдакӣ- 12,7 ва дар ноҳияи Рашт 7,7 фоиз ба қайд гирифта шудааст. Шумораи ба қайд гирифтани ҳодисаҳои ҳуҷуми роҳзанона 75 фоиз, одамкушии барқасдона ва сӯиқасд ба одамкушӣ -54,5, ғоратгарӣ-29, 4 ва қаллобӣ 27, 7 фоиз кам шудааст. Дар ин муддат дуздии амволи хонаҳо 2,7 фоиз зиёд шудааст. Талаботи роҳбарияти вазорат нисбат ба фаъолияти нозирони минтақавӣ зиёд мегардад. Дар навбати худ, вазорат барои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ҳамкориро бо омма беҳтар месозад.








Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст






