БА ИФТИХОРИ СОЛИ БУЗУРГДОШТИ ИМОМИ АЪЗАМ
Ғончӣ, 14 март. (АМИТ «Ховар», Ҳусейни Назрулло). — Дар мактаби таҳсилоти умумии №15-и деҳаи Угуки ноҳияи Ғончӣ бо ташаббуси омӯзгорони мактаб ба ифтихори Соли бузургдошти Имоми Аъзам оид ба нақш ва мартабаи Абӯҳанифа дар ҷомеа чорабинӣ доир гардид, ки онро хонандагони синфҳои болоӣ таҳия намуданд. Дар он хонандагони синфи 10-и мактаби мазкур Мижгона Носирова, Садорати Кӯчибой, Ҷумъабеки Султон, Баҳруллои Абдуҳиллол, Лутфуллои Зикрулло, Кароматуллои Нор ва Мирзонаботи Мирзокарим оид ба ҳаёту зиндагиномаи поягузори мазҳаби ҳанафия, шартҳои мусулмонӣ ва нақши Имоми Аъзам дар ҷаҳони ислом маърӯза намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






