БАДАХШОН МАРКАЗИ ТАЪЛИМИ КАДРӢ МЕГАРДАД

Март 28, 2009 09:28

                    Душанбе, 28 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Солҳои охир дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди дуҷонибаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳамчунин фаъолияти бозорҳои марзӣ ва рушди тиҷорат миёни мардуми Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон як фазои неки ҳамсоягӣ барқарор шудааст.                     Дар ҷашни Наврӯзи соли ҷорӣ дар маркази Бадахшон шаҳри Хоруғ гуфтушуниди ҳамкорӣ миёни роҳбарони ин ду вилояти ҳамсарҳад доир гардид. Дар ин нишаст пешниҳод гардид, ки беморони ҳаммарзи давлати ҳамсоя дар бемористонҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон табобат ёбанд, ҷавонони афғон дар муассисаҳои тиббӣ, омӯзишгоҳҳои касбӣ — техникӣ ва мактабҳои олии вилоят ба таълим фаро гирифта шаванд.                     Дар назар аст, ки чунин нишасти ҳамкорӣ дар наздиктарин вақт дар макази Бадахшони Афғонистон шаҳри Файзобод дар сатҳи давлатӣ бо имзои созишнома анҷом ёбад.

Март 28, 2009 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад