БАХШИДА БА ИДИ ЗАНОН

Март 6, 2009 15:01

                    Хоруғ, 6 март. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).-Дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ бахшида ба иди байналмиллалии занон вохӯрии фаъолзанони вилоят бо донишҷӯдухтарони Донишгоҳ баргузор гардид. Дар ҷамъомад бонувоне, ки нерӯи созандаю бунёдкоронаи хешро баҳри Рушду шукуфоии ҷомеа бахшидаанд, ширкат варзиданд. Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд доир ба қадру манзалати зан, чун олиҳаи ишқу зебоӣ, ва бахшандаи ҳаёт дар рисолати азалии ӯ — тавлиду тарбияи фарзанд, ибрози ақида намуда, иброз дошт, ки ҳастии мо аз зан вобаста аст.                    Собиқ раисони шаҳри Хоруғ Гулбибӣ Мулкамонова, Анҷирбегим Мақбулшоева, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи ВМКБ Арамбегим Маҳтобшоева, шоираи ҷавон Гулнисои Атоӣ аз мақому манзалати зан дар пешрафти ҷомеа хеле самимӣ ҳарф заданд.  

Март 6, 2009 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид