«БАРҚИ ТОҶИК» НА БАРҚ МЕДИҲАДУ НА ҚАРЗАШРО

Март 27, 2009 11:23

                     Душанбе, 27 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои намояндаи ширкати «Интер РАО» Борис Зверев, масъулини ширкати мазкур ҳамаи аснодро омода кардаанд то ширкати «Барқи тоҷик»-ро ба суд диҳанд. Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, бо сабаби пардохт накардани қарзе, ки ширкати «Барқи тоҷик» аз фурӯши барқи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» бадаст овардааст, то имрӯз маоши коргарони ин иншооти зарурӣ пардохт нагардидааст.                     Тибқи созишнома миёни Ҷумҳури Тоҷикистон ва Федератсияи Россия агрегати чоруми ин нерӯгоҳ дар ибтидои соли ҷорӣ бояд мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирифт, аммо бо сабаби аз ибтидои кори агрегати якум то имрӯз напардохтани маблағи нерӯи барқи истифодашаванда, ки ба 10 млн. доллар расидааст, ширкати «Интер РАО» сохтмон ва ба истифода додани агрегати чорумро бо камбуди молиявӣ ба таъхир андохт. Бино ба гуфти масъулини ширкати «Барқи тоҷик» миёни ҳар ду ширкат мувофиқа ҳосил шудааст, ки агрегати чорум то охири моҳи апрел ба истифода дода шавад.  

Март 27, 2009 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст