БАРНОМАҲОИ ИДОНА
Душанбе, 19 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Аз 20 то 31 март муассисаҳои театрию консертии ҷумҳурӣ бахшида ба иди Наврӯз барномаҳои ҳунариро ба нақша гирифтаанд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар маркази матбуотии Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд, 20 март дар Театри давлатии академии Опера ва Балети ба номи С. Айнӣ барномаи консертии ҳунарпешагони театр баргузор мегардад. Дар театри драмавии ба номи А. Лоҳутӣ — намоишномаҳои «Офати нафс», «Нангбардори Хуҷанд» ва «Мурғи Ҳумо», дар Театри драмаи русии ба номи В. Маяковский — намоишномаи «Ҷунун. Соли 93», дар Театри ҷавонони ба номи М. Воҳидов — намоишномаҳои «Рустам ва Сӯҳроб», «Чашмони бародари қиёматӣ», «Бойи мокиёнхӯр», дар Театри лўхтак намоишномаи «Дўсти ман аз Гулобод» пешкаши тамошобинон хоҳад шуд. Ҳамчунин Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев, Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо», Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ва Маркази эҷодии «Илҳом» аз 21 то 29 март дар шаҳри Душанбе ва дигар навоҳии ҷумҳурӣ баҳри болидарӯҳии шаҳрвандон гузаронидани барномаҳои консертиро дар нақша доранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






