БАРНОМАҲОИ ИДОНАИ НАВРӮЗӢ

Март 16, 2009 14:53

                        Душанбе, 16 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев бахшида ба ҷашни Наврӯз силсилаи тадбирҳои идонаро ба нақша гирифтааст.                        Аз ҷумла, 21 март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барномаи калони консертии идона бо иштироки ҳунармандони шоистаи ҷумҳурӣ — Ҷумъахон Сафаров, Файзигул Юсуфова, Раҷаббой Идиев, Сӯҳроби Маҳмуд ва дастаҳои рақсии «Ганҷина» ва «Чаман» баргузор мегардад.                      Аз маркази матбуотии Вазорати фарҳанги ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки 22 март дар «Кохи Ваҳдат» ҳунарманди шоистаи ҷумҳурӣ Сӯҳроби Маҳмуд барои мухсилони худ барномаи консертиро пешкаш менамояд. Дар толори Филармония гузаронидани барномаи консертии Шӯҳрат Сайнаков ба нақша гирифта шудааст.                     Ҳамчунин, ҳамон рӯз дар ноҳияи Қумсангир ҳунармандони шинохта Ҳаётой Муминова ва Сафаргул Юсуфова ба муносибати иди баҳор барномаи махсуси консертӣ намоиш дода, дили мухлисонро шод хоҳанд намуд.  

Март 16, 2009 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар