БАРОРИШИ ВОМБАРГҲОИ ДАВЛАТӢ ДАР СОЛИ 2009

Март 13, 2009 09:57

                 Душанбе, 13 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани вомбаргҳои давлатии дохилии бурдноки соли 2009-и Ҷумҳурии Тоҷикистон» Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» аз 1 марти соли 2009-ум бар ивази вомбаргҳои давлатии дохилии бурдноки соли 2002 ба маблағи умумии 10 миллион сомонӣ вомбаргҳои давлатии дохилии бурдноки соли 2009-умро, ки арзишашон 10 cомонӣ ва 20 сомонӣ мебошад, ба мӯҳлати 10 сол ба муомилот баровард.                Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз бонки мазкур иттилоъ доданд, муштариёни метавонанд ба ҳамаи муассисаҳои «Амонатбонк» барои харидории вомбаргҳои давлатии бурдноки барориши соли 2009 муроҷиат намоянд. Аҳолии ҷумҳурӣ вомбаргҳои давлатии барориши соли 2002-юмро бе мамоният ба вомбаргҳои давлатии бурдноки барориши соли 2009 иваз намуда метавонанд.                Бояд гуфт, ки бозии аввалини бурди вомбаргҳои давлатии барориши соли 2009 рӯзи 30 марти соли ҷорӣ баргузор мегардад.  

Март 13, 2009 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад