БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ҲАМКОРИИ НИЗОМИЮ ИҚТИСОДӢ

Март 11, 2009 15:23

                   Маскав, 11 март (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Коршиносони давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ имрӯз дар Маскав масъалаҳои ҳамкории низомию иқтисодӣ ва низомию техникиро муҳокима мекунанд. Зимни машварати коршиносон мавқеи давлатҳои аъзои созмон доир ба лоиҳаи ҳуҷҷатҳое баррасӣ карда мешавад, ки заминаи асосии меъёрию ҳуқуқии ҳамкории низомию иқтисодии давлатҳои аъзои созмонро ташкил медиҳанд.                    Муовини муншии умумии созмон Валерий Семериков гуфт, ки зимни мулоқот пешниҳоди давлатҳо роҷеъ ба лоиҳаи созишномаҳо дар бораи нигоҳ доштани корхонаю муассисаҳои махсуси истеҳсолкунандаи маводи низомӣ, принсипҳои умумии таъсиси иттиҳодияҳои байнидавлатии илмию истеҳсолӣ, ҳамкории давлатҳои аъзои созмон дар соҳаи ҳамлу нақли молҳои низомӣ ва молҳои махсус баррасӣ карда мешаванд.  

Март 11, 2009 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад