БАРРАСИИ ПРОБЛЕМАҲОИ АФҒОНИСТОН

Март 6, 2009 14:24

                      Маскав, 6 март (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Муншии умумии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа ва сафири кабири Ҷумҳурии Фаронса дар Русия Жан де Глиниасти дар Маскав масъалаи ҳамкории СААД — ро бо Иттиҳоди Аврупо ва Созмони ҳамкории Шанхай барои расондани кӯмак ба Афғонистон ва ҳалли проблемаҳои ин мамлакат мавриди баррасӣ қарор доданд. Инчунин, дар масъалаи ҳамлу нақли транзитии молҳои тиҷоратии ИМА ва НАТО ба Афғонистон тавассути қаламрави давлатҳои аъзои СААД табодули назар карда шуд.                      Н.Бордюжа бо хоҳиши сафири Фаронса дар бораи ташкили Қувваҳои вокуниши таъҷилӣ дар СААД ва натиҷаҳои амалиёти зидди маводи нашъадори «Канал» маълумот дод, ки таҳти васояти созмон шаш сол боз гузаронида мешавад. Қайд карда шуд, ки дар амалиёти мазкур ғайр аз 7 давлати аъзои созмон, инчунин, зиёда аз 20 мамлакат, аз ҷумла, Чину Ҳиндустон, Покистон, ИМА, Лаҳистон, мамлакатҳои соҳили Балтика ва ғайра ширкат меварзанд.

Март 6, 2009 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд