БАРРАСИИ ПРОБЛЕМАҲОИ БӮҲРОНИ ҶАҲОНИИ ИҚТИСОДӢ ДАР ОСТ
Душанбе, 20 март. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Ҳайати Тоҷикистон, ки дар анҷумани дуюми иқтисодӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон — шаҳри Остона иштирок дошт, ба Душанбе баргашт. Дар анҷуман масъалаи «Таъмини амнияти иқтисодии мамлакатҳои Евразия дар давраи бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ» муҳокима карда шуд. Яке аз иштирокчиёни анҷуман, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон Олимҷон Бобокалонов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар анҷуман намояндагони 59 мамлакати ҷаҳон иштирок доштанд. Дар он проблемаҳои муҳим, аз ҷумла, сабабҳо ва моҳияти бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, имконияти бартараф сохтани оқибатҳои он ва андешидани тадбирҳои зарурӣ дар мамлакатҳои минтақа муҳокима шуданд. Аз Тоҷикистон дар ин ҷамъомад директори Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорат Нуриддин Қаюмов ва муовини раиси Донишкадаи такмили маҳорати хизматчиёни давлатӣ Ҳалимхон Нуриддинов низ ширкат варзиданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






