БАРРАСИИ ПРОБЛЕМАҲОИ БӮҲРОНИ ҶАҲОНИИ МОЛИЯВӢ ДАР ЮНЕСКО

Март 2, 2009 14:51

                    Душанбе, 2 март (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Имрӯз дар қароргоҳи марказии ЮНЕСКО дар Париж бахшида ба нақши Созмони Милали Муттаҳид дар бобати пешгирии оқибатҳои ногувори бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ конфронси байналхалқӣ баргузор гардид. Намояндагони мамлакатҳои аъзои созмон ва коршиносон аз он изҳори ташвиш менамоянд, ки бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ сабаби барбод рафтани кӯшишҳои чандинсолаи СММ дар соҳаҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, беҳтар сохтани саломатии мардум, дастраси ҳамагон гардондани таҳсил, баробарҳуқуқии зану мард ва пешрафти иқтисодиёти мамлакатҳои қашшоқ гардида метавонад.                     Иштирокчиёни конфронс ба нақши СММ ва ЮНЕСКО дар масъалаҳои гузоштани маблағҳои иловагӣ ба соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг дар давраи бӯҳрони молиявӣ диққати махсус доданд.                     Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар конфронси мазкур коршиносони муассисаҳои соҳавии СММ, намояндагони муассисаҳои молиявии байналхалқӣ, созмонҳои мададрасон, байниҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ, инчунин, ходимони маъруфи давлатию ҷамъиятӣ ширкат варзиданд.

Март 2, 2009 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид