БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ КАМ МЕГАРДАД

Март 25, 2009 12:08

                   Душанбе, 25 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, дар моҳҳои январ- феврали соли 2009 дар ҷумҳурӣ 3194 ҳодисаҳои ба бемориҳои сирояткунанда гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2008 12 фоиз кам аст.                   Дар ин давра гепатити шадиди сироятӣ 37,5 фоиз ва бемориҳои шадиди рӯда 26,3 фоизи шумораи умумии бемориҳои сирояткунандаро ташкил додааст.                    Дар моҳи январи соли 2009 2169 ҳодисаҳои ба бемориҳои паразиторӣ гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 37,2 фоиз зиёд аст. Аз ҷумла, сулфакабутак 3 баробар, домана 140,6 фоиз, гепатити В 1,7 баробар ва гепатити С 2,2 баробар зиёд шудааст.      

Март 25, 2009 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар