БИЛЕТ АРЗОН ШУД
Душанбе, 19 март. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Мутобиқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи Воҳиди Давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» барои шаҳрвандони аз хидмати қатораҳои мусофирбари байналмилалии роҳи оҳани ҷумҳурӣ истифода мебаранд. Аз 10-уми марти соли ҷорӣ нархи билет дар қатораҳои Тоҷикистон то 15 фоиз барои ҳамаи хатсайрҳо арзон шуд. Ин масъала пас аз гуфтушуниди намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Тоҷикистон амалӣ гардид. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» хабар доданд, нархи чиптаҳо дар хатсайри Душанбе-Москав дар вагони пласкарти 704 сомонию 35 дирам дар вагони ҳуҷрадор 870 сомонию 84 дирам, Кулоб-Москва дар вагони пласкарти 726 сомонию 82 дирам ва дар вагони ҳуҷрадор 891сомонию 66 дирам, Душанбе-Конибодом вагони пласкарти 81сомонию 96 дирам ва дар вагони ҳуҷрадор 122 сомонию 8 дирам муққарар шудааст. Мавриди зикр аст, ки бо таъсири коэффисиенти гузариши транзитӣ аз сарҳадоти Ӯзбекистон ба нархи чиптаҳо дар қатораҳои Тоҷикистон тағийрот ворид шуда буд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






