БИНОҲОИ 4 ВА 5-И СИЛСИЛАБИНОҲОИ «ПОЙТАХТ-80» БА ИСТИФОДА ДОДА МЕШАВАД

Март 30, 2009 09:24

                   Душанбе, 30 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаи ба комиссияи давлатии қабул оид ба истифодабарӣ тайёр намудани биноҳои 4 ва 5 -уми силсилабиноҳои маҷмааи манзилии «Пойтахт-80» зимни мулоқоти Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо муовини сардори Департаменти сохтмонии шаҳри Москва Дмитрий Коробов баррасӣ шуд.                   Зимни мулоқот мусоҳибон ҳамчунин оғози корҳои сохтмониро дар биноҳои 2 ва 3-юми ин иншоот баррасӣ карданд.                  Маҳмадсаид Убайдуллоев гуфт, ки баъди аз ҷониби фармоишгари иншоот ҶММ «Жилкапинвест» ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дар биноҳои 4 ва 5-ум тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти шаҳри Душанбе имкон дорад, ки санади марбутаро доир ба таъсиси комиссияи давлатии қабул ба имзо расонад.                 Дар мулоқот ҷиҳати назорат ва вусъати корҳои сохтмонӣ дар иншоот тибқи муқаррароти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гурӯҳи кории муштарак таъсис дода шуд.   

Март 30, 2009 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд