БОНКҲО БА ҲУКУМАТ МУРОҶИАТ КАРДАНД

Март 16, 2009 15:39

                       Душанбе, 16 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — «Бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати ҷумҳурӣ муроҷиат намуданд, ки мӯҳлати пардохти қарзҳои хоҷагиҳои пахтакорро дароз намоянд, ки ҷиҳати тамдид сохтани мӯҳлати пардохти қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор саривақтӣ аст ва аз ҷониби «Ориёнбонк» дастгирӣ ёфт ин дархост, зеро роҳи дигари ҳалли ин масъала мавҷуд нест», — раиси Асотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон Иззатулло Лаълбеков.                      Ӯ афзуд, ки агар ҳукумат дархости бонкҳоро напазирад, бонкҳо маъракаи парвариши пунбадона дар соли ҷориро наметавонанд маблағгузорӣ намоянд.                      «Дар сурати рад шудани дархост, бонкҳо маҷбур мешаванд, захираҳои худро истифода баранд, ки ин амал ба коҳиши ҳаҷмӣ сандуқи қарзӣ, захираҳои умумии қарзӣ бетаъсир буда наметавонад», идома дод И. Лаълбеков.                      Бояд гуфт, ки дар бахши бонкӣ тавассути ҷалб сохтани захираву имконот ва афзоиши сармояи бонкҳо имкон дорад, ки вазъ дар бонкҳо қадре беҳтар карда шавад ва чун захираҳои дохилӣ хеле маҳдуданд, бидуни ҷалби сармоягузории созмонҳои молиявии байнулмилалӣ ва захираҳои беруна ин амал ғайриимкон аст.  

Март 16, 2009 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид