БОНКИ «ЭСХАТА» ҚАРЗҲОИ КРЕДИТИРО АФЗОИШ МЕДИҲАД

Март 13, 2009 09:13

                       Душанбе, 13 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Ҷамъияти саҳомии кушодаи (ҶСК) бонки «Эсхата» барои муҳоҷирони меҳнатӣ тарзи нави гирифтани чиптаро бо роҳҳои кредитӣ дубора ҷонок кард. Тавре аз бонки мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин тарзи нави хизматрасонӣ бо назардошти беҳтар намудани ҳадафи аслии қарздиҳӣ — рушди соҳибкории хурду миёна ва қонеъ гардонидани талаботи эҳтиёҷмандон, роҳандозӣ шудааст.                      Бояд қайд намуд, ки ҶСК бонки «Эсхата» ба бӯҳрони молиявии имрӯза нигоҳ накарда ҳаҷми сандуқи қарзии худро зиёд менамояд. Ба санаи 1-уми марти соли ҷорӣ ҳаҷми сандуқи қарзии бонк беш аз 162 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 80 фоиз зиёд аст.                     Дар ду моҳи охири соли равон бонки «Эсхата» ба маблағи зиёда аз 43 миллион сомонӣ ба ду ҳазор нафар қарзҳои кредитӣ додаст.   

Март 13, 2009 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид