БОЗ 2 МИЛЛИОН ДОЛЛАР БАРОИ ОБТАЪМИНКУНӢ

Март 17, 2009 12:11

                   Душанбе, 17 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сардори корхонаи воҳиди давлатии байниноҳиявии обу корези шаҳри Қурғонтеппа Абдумаҷид Шарифов, ҳангоми ба анҷом расидани корҳои барқарорсозӣ интиқоли барқ ба иншооти обгирӣ мӯътадил гардид. Дар ҳавзҳои таҳшинкунӣ об тоза карда шуда, ба сифати оби нӯшокӣ хуб мусоид намуд.                   Дар маҳаллаи майдони ҳавоӣ -(«Аэропорт») дар кӯчаҳои Қизил-юлдуз ва Коминтерн зиёда аз 100 хоҷагӣ бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд.                   Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, тибқи шартнома Бонки европоии тараққиёт ҷиҳати беҳдошти вазъи таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ба шаҳри Қурғонтеппа 2 млн. доллар ҷудо намуда, баргардонидани онро дар мӯҳлати дар шартнома нишон додашуда талаб карда мешавад.                    Дар назар аст, ки ин боиси боло рафтани нархи оби ошомиданӣ дар шаҳри Қурғонтеппа ва маҳалҳои атрофии он хоҳад шуд.  

Март 17, 2009 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад