БОЗ ЯК ИТТИЛОИ НОДУРУСТИ КОТИБИ МАТБУОТӢ
Душанбе, 17 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дигар ҳамасола мавсими гармидиҳӣ, ки аз нимаи дуюми моҳи октябр оғоз ёфта то 20 -25 март идома меёбад, риоя намешавад, зеро мавсимро дигар ҳамасола худи дастандаркорони идораҳои коммуналӣ ва гармидиҳии шаҳр муайян мекунанд. Ҷаласаҳои тайёрӣ ба тирамоҳу зимистон саривақтӣ даъват мешаванд, идораҳо супоришҳо мегиранд ва ҳама чиз фаромӯш мешавад, аммо ваъдаҳо бе тағийр боқӣ мемонанд. Мавсими гармидиҳии имсола тибқи иттилои котиби матбуотии раиси шаҳр Шавкат Саидов, бояд то 20 -уми март давом мекард, аммо он рӯзи 9 — уми март ба охир расид ва маркази гармидиҳии шаҳр то оғози мавсими нави соли 2009- 2010 ба дари оташдонаш қулф зад.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






