БОЗ ЯК ВОКУНИШИ ВАО НИСБАТИ МАНСАБДОРОН
Душанбе, 27 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма», ки аз 7-уми феврали соли 2009 таҳти рақами 200 ба имзо расид, боз ҳам «тоҷикона» пазируфта шуд. Пас аз интишори фармони мазкур, даҳҳо маводҳои танқидию таҳлилӣ рӯи чоп омад, аммо аз ҷониби вазорату идораҳои марбута вокунише нашуд. Ин беамалӣ сабаби вокуниши муаллифон дар ВАО гардид. Аз чӣ бошад, ки масъулини вазорату идораҳо посух гуфтан ба ВАО-и кишварро раво намебинанд. Хол он ки фармони мазкур мақомоти давлатиро вазифадор намудааст, ки бо маводи танқидии ВАО вокуниш нишон диҳанд. Вокуниш нишон надодан маънои заифиро дорад, пас прокуратураи генералӣ, Суди Олӣ ва Вазорати умури дохила чӣ заифӣ доранд ё хомуширо аломати ризо мешуморанд?








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






