БОЗДИД АЗ БАЛХ

Март 25, 2009 10:41

                   Душанбе, 25 март. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — 21 марти соли 2009 Вазири корҳои хориҷии Ҷумхурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар ҷараёни боздидаш аз Мазори Шариф дар чорабиниҳои наврӯзии маркази вилояти Балх иштирок намуд.                   Нахуст Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Равзаи мубораки ҳазрати Алӣ дар маросими барафроштани парчами муборак иштирок кард.                    Сипас вазирони корҳои хориҷии се кишвари дӯст аз муассисаи фарҳангие, ки сарпарасташ Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ буда, ба санъати хаттотӣ ва наққошӣ машғул аст, дидан намуда, асарҳои ба намоиш гузоштаи онро тамошо карданд.                   Ҳамрохон Зарифӣ, Рангин Додфар Спанто ва Манучеҳр Муттакӣ ҳамчунин дар маросими дигари наврӯзӣ, ки саҳнаи аз ҳама муҳими он пухтани сумалак буд, ширкат варзиданд.                   Дар назар дошта шудааст, ки дар як гӯшаи Мазори Шариф шаҳрчаи дипломатӣ бунёд мегардад. Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон аз мавзее, ки барои шаҳрчаи дипломатӣ ҷудо шудааст, дидан карда, бо кандани ҷои пойдевори бинои консулгарии Эрон ба корҳои сохтмонӣ ҳусни оғоз бахшиданд.                    Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар доданд.

Март 25, 2009 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид