БОЗДИДИ Э. РАҲМОН АЗ КИРМОН
Дар ҷамъбасти ҳамоиши 10-уми сарони давлатҳои аъзои Cозмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) дар шаҳри Теҳрон аз ҷониби роҳбарони аввали ҳайатҳои олимақоми ин кишварҳо ба 8 нафар аз ходимони барҷастаи илму фарҳанги кишварҳои аъзои ЭКО барои анҷом додани корҳои пурарзиши илмию кашфиётӣ ҷоизаҳои махсус супорида шуд. Барои саҳми намоён дар соҳаи иқтисод ба намояндаи Тоҷикистон — собиқ вазири корҳои хориҷии кишвар, академик Талбак Назаров ин ҷоизаи махсус тақдим гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Синҷони остони (вилояти) Кирмони Ҷумҳурии Исломии Эрон аз як минтақаи озоди иқтисодӣ, ки дар масоҳати 1400 гектар доман паҳн намудааст, дидан намуд. Ҳадафи аслии аз ин боздид омӯзиши таҷрибаи фарохи дӯстони эронӣ дар бунёд ва роҳандозии фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва истифодаи минбаъдаи он дар ташкили минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон мебошад. Маврид ба ёдоварист, ки ҳоло дар Тоҷикистон ҷиҳати ташкили минтақаҳои озодии иқтисодии Панҷ ва Ишкошим қарори махсуси Ҳукумати мамлакат қабул шуда, рӯзҳои наздик боз ду минтақаи озоди дигар дар вилоятҳои Суғду Хатлон низ ташкил карда хоҳанд шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Синҷони вилояти Кирмон бо шарту шароит ва самарабахшии фаъолияти 5 корхонаи саноатӣ ва боғҳои пистаи машҳури эронӣ аз наздик шинос шуд. Дар корхонаи Фрико, ки бо таҷҳизот ва технологияи нави муосир муҷаҳҳаз буда, дар истеҳсоли равғани растанӣ маш?ул аст, қарор карда шуд, ки дар ҳамкорӣ бо ин корхона дар Тоҷикистон як корхонаи муштараки равғанкашӣ бунёд карда шавад. Корхонаи равғанкашии Фрико дорои 600 нафар коргар буда, дар як сол то 240 ҳазор тонна равған истеҳсол мекунад. Қобили қайд аст, ки дар ҳамин минтақаи озоди иқтисодӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз корхонаҳои истеҳсоли қанду шакар, пойафзол, коркарди санги мармар ва бастабандии писта дидан кард.Ҳамагӣ дар ин минтақа 2700 нафар бо кори пурмаҳсул машғул мебошанд. Минтақаи озоди иқтисодии Синҷон дорои тамоми шабакаҳои нақлиётию коммуникатсионӣ, бахусус роҳҳои оҳану мошингард, анборҳои бузурги нигаҳдории молу маҳсулот, яхдонҳои калонҳаҷм, шабакаҳои муназзами газу барқ, алоқаи телефонӣ, интернет, тиҷорати электронӣ, бонкҳои бо асъори миллию ҷаҳонӣ амалкунанда ва амсоли инҳо, мебошад. Дар онҷо фурӯдгоҳ низ мавҷуд буда, барои воридоти сармояи дохилию хориҷӣ, техникаю технология, истеҳсолот, тиҷорати озод, бунёди ҷойҳои нави корӣ ва дигар корҳои зарурӣ имтиёзоту сабукиҳои хеле зиёд дода шудааст. Омӯзиши таҷрибаи кишоварзони эронӣ дар бунёд ва парвариши боғҳои писта низ басо муҳим арзёбӣ гардид, зеро бунёди чунин боғҳо дар минтақаҳои ҷануби Тоҷикистон низ оғоз гардидааст. Иқлими ин минтақаи Тоҷикистон барои чунин боғҳо мутобиқ аст, зеро чунонки зикр гардид, барои нашъунамо ва бороварии хуби писта ҳаво дар зимистон бояд хунук ва дар тобистон хеле гарм бошад.








ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид






