БОЗДИДИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АЗ ШАҲРИ КИРМОН

Март 12, 2009 13:44

                    Душанбе, 12 март (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯзҳо дар Эрон мусофират дорад, имрӯз ба шаҳри Кирмон хоҳад рафт. Аз дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки Сарвари давлати Тоҷикистон дар шаҳри Кирмон бо раиси шаҳр мулоқот карда, баъд бо фаъолияти баъзе корхонаҳои саноатии он шинос мегардад. Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамроҳонаш сипас ба шаҳри Кеш рафта, бо роҳбарияти шаҳр мулоқот карда, бо фаъолияти минтақаи озоди иқтисодии он шинос хоҳанд шуд.                    Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дирӯз 11 март дар Теҳрон дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ширкат варзид. Вай зимни сафар бо Президенти Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод ва роҳбари Инқилоби исломии ин мамлакат Саид Алии Ҳоменеӣ мулоқот анҷом дод.  Эмомалӣ Раҳмон дирӯз, инчунин, бо Президенти Афғонистон мулоқот карда, баъдан дар мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон иштирок намуд.  

Март 12, 2009 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд