БУНГОҲИ ИНТИҚОЛИ БАРҚИ «ДУШАНБЕ» ПЕШ АЗ МӮҲЛАТ ИСТИФОДА МЕШАВАД

Март 19, 2009 15:35

              Душанбе, 19 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Бунгоҳи интиқоли барқи «Душанбе» ба туфайли тезонидани суръати корҳо ва вазъи мусоиди ҳаво паш аз мӯҳлати муқаррашуда ба истифода дода мешавад. Дар бунгоҳи мазкур се трансформатори иқтидораш 507 мегаволт насб карда мешавад. Қувваи барқ аз ин трансформаторҳо ба самтҳои гуногун интиқол дода хоҳад шуд.              Тибқи нақша, илова бар ин дар бунгоҳи интиқоли барқи «Душанбе» ду трансформатори эҳтиётӣ ва чор дастгоҳи қатъу ба кор даровардани бунгоҳ насб карда, аз ин ҷо хати интиқоли барқи Кӯлоб — Данғара кашида мешавад, ки дарозии он 60 километр мебошад.               Барои сохтмони бунгоҳи мазкур 55,5 миллион доллари ИМА сарф шуд. Дар сохтмони бунгоҳ қариб 300 коргару мутахассис саҳм гузошт.

Март 19, 2009 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид