ДАР ҚӮРҒОНТЕППА МАТБААИ ХУСУСӢ КУШОДА МЕШАВАД
Қӯрғонтеппа, 11 март (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — Рӯзҳои иди Наврӯз дар шаҳри Қӯрғонтеппа матбааи хусусӣ ба кор шурӯъ менамояд. Директори матбааи вилоятӣ Бобохон Шарбатов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки матбааи нав бо асбобу анҷом ва таҷҳизоти навтарин таъмин карда шудааст. Ин имкон хоҳад дод, ки рӯзномаю маҷалла ва китобҳо бевосита дар маркази вилоят чоп карда шаванд. То ҳол бисёр рӯзномаҳо ва ҳафтаномаҳои вилоятӣ дар матбааҳои шаҳри Душанбе чоп карда мешаванд. Акнун барои чопи онҳо маблағи камтар сарф мешавад. Ба шарофати ба кор даромадани матбааи нав 10 мутахассис бо кор таъмин мегардад. Ояндаи наздик ният дорем, ки дар матбаа чопи китобҳо ба роҳ монда шавад, гуфт Бобохон Шарбатов. Тарҷумон — Қудратов А.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






