ДАР ҶТ НАМОЯНДАГИИ МИНТАҚАВИИ ШИРКАТИ «FEDEX» КУШОДА МЕШАВАД
Душанбе, 13-уми март. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — Дар ҷараёни боздиди расмии худ аз Амороти муттаҳидаи Араб вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистаон Ҳамрохон Зарифӣ бо як гурӯҳ мудирони генералии ширкатҳои гуногуни ин давлат дидор ва гуфту шунид кард. Аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Ҳамрохон Зарифӣ ба мавзӯи ҳамкориҳо бо ин ширкатҳо аҳамияти хоса дода, таъқид намуд, ки аз мулоқоти қаблӣ як сол сипарӣ шуда бошад ҳам, то ҳол дар самтҳои банақшагирифта амале зоҳир нагаштааст. Мудири ширкати «FedEx» иброз дошт, ки мушкилоти асосии нокомиҳо пеш аз ҳама муносибати роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон буд, ки барои парвозҳои таёраҳои ширкати боркашонии «FedEx» ва ширкати мусофиркашии «Эйр Арабиа» мушкилоти нав ба нав эҷод менамуд. Ҳамрохон Зарифӣ дар бораи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистон дар бобати даровардани тағйироти куллӣ дар низоми идоракунии нақлиёти ҳавоии ҷумҳурӣ ва ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани он хабар дода, зикр кард, ки имкониятҳои ҳамкорӣ дар ин самт таҷдиди назар мехоҳанд. Дар рафти мулоқот мудирони генералии ширкатҳо иброз доштанд, ки дар Тоҷикистон тавони сармоягузориро доранд, аммо кифоят накардани хатсайри парвоз монеаи ҷиддие мебошад. Дар ин хусус Ҳамрохон Зарифӣ изҳор дошт, ки дар рӯзҳои наздик парвозҳо дар хатсайри Дубай — Душанбе ҳафтае ду бор сурат гирифта, бо хатсайри Шорика — Душанбе се парвозро ташкил хоҳанд дод. Мудири генералии «FedEx» таъқид намуд, ки дар рӯзҳои наздик ҷиҳати кушодани намояндагии минтақавии ширкати «FedEx» бо мудирони ширкатҳое, ки дар ин мулоқот ҳузур доранд ба Тоҷикистон сафар хоҳанд кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






