ДАР ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛ-СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ФАЛАК» ДОИР МЕГАРДАД
Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо мақсади ривоҷу равнақ додани санъати фалакхонӣ, таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ, густариши санъати касбии тоҷик, дарки илмии моҳияти фалак ва дуруст муайян намудани мавқеи таърихиву фарҳангии он дар ҷомеа бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Фестивал-симпозиуми байналмилалии «Фалак» доир мегардад. Тибқи қарори мазкур Вазорати фарҳанги ҶТ вазифадор шудааст, ки то 10 марти соли равон Низомномаи Фестивал-симпозиуми байналмилалии «Фалак»-ро таҳия намуда, онро ба кишварҳои даъватшаванда ирсол намояд. Инчунин, вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ҷиҳати ташкил ва дар сатҳи баланди касбӣ гузаронидани фестивали мазкур бояд мусоидат намоянд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






