ДАР ИДИ НАВРӮЗ ЯК ҲАФТА ИСТИРОҲАТ МЕКУНЕМ

Март 17, 2009 17:22

                      Душанбе, 17 март (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Сокинони Тоҷикистон ба муносибати таҷлили иди Наврӯз мувофиқи Конститутсияи ҷумҳурӣ, аз 21 то 24 март, яъне 4 рӯз истироҳат мекунанд. Аз ин рӯзҳо 21 ва 22 март ба рӯзҳои истироҳат рост меоянд. Бинобар ин ҳамчун рӯзҳои истироҳат ба 26 ва 27 март гузаронидани ин рӯзҳо ба салоҳияти роҳбарони корхонаю муассисаҳо гузошта шудааст. Рӯзҳои иди Наврӯз дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат сайру гаштҳои оммавӣ, намоишу ярмаркаҳо ва консертҳо баргузор мегарданд.                        Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар шаҳри Душанбе аз 21 то 23 март дар варзишгоҳҳо намоишҳои театрикунонидашуда гузаронида хоҳанд шуд. Дар барномаҳои консертӣ ҳунарпешагони варзида иштирок менамоянд. Инчунин, барои ҳаводорони варзиш мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ташкил карда хоҳанд шуд.

Март 17, 2009 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид