ДАР ИДМ БАРНОМАИ МАХСУСИ ИНТЕРПОЛ АМАЛӢ КАРДА МЕШАВАД
Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Дар мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барномаи махсуси Интерпол амалӣ карда мешавад. Иттиҳоди Аврупо барои амалӣ сохтани он се миллион евро ҷудо кардааст. Аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки барнома дар Осиёи Марказӣ бо мақсади вусъат додани истифодаи захираю имкониятҳои Интерпол мавриди амал қарор дода хоҳад шуд. Интерпол бо кӯмаки Иттиҳоди Аврупо дар давоми чанд соли охир барои дастраси мақомоти дахлдор гардондани шабакаи ҷаҳонии алоқаи худ дар минтақаҳои нисбатан дурдасти ИДМ тадбирҳо меандешад. Ҳадафи ин иқдом ба кормандони мақомоти дахлдор додани имконияти истифода аз шабакаи маълумоти махфии Интерпол мебошад. Ба туфайли иҷрои барнома дар байни бештар аз 50 шаҳри калони мамлакатҳои минтақа — Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон алоқаи мустақим ба роҳ монда хоҳад шуд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






