ДАР КӮЛОБ КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ БА КОР САР КАРДАНД
Душанбе, 14 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Лимити барқ дар шаҳри Кӯлоб бардошта шуд. Корхонаҳое, ки таи 5-6 моҳи охир бо сабаби ҷорӣ шудани лимит аз фаъолият боз монда буданд, аз нав ба кор сар карданд. Яке аз чунин корхонаҳо корхонаи муштараки Кӯлобу Австрия «Кӯлоб текстайлз» аст, ки аз рӯзи 10-уми март корро дар се баст оғоз кард. Корхона дар як шабонарӯз 90 тонна пахтаро коркард менамояд. Маҳсулоти коркардшудаи корхона бо сифати байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, дар асоси шартномаҳои байналмилалӣ ба хориҷи кишвар содир карда мешавад. Корхона соли ҷорӣ тамоми пахтаи ноҳияи Кӯлобро коркард ва ба хориҷи кишвар бароварданист. Мутахассисони корхона кӯшиш доранд, бо ташкили чанд хатҳои нави технологӣ садҳо нафар сокинони шаҳрро бо ҷои нави корӣ таъмин намоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






