ДАР МАСКАВ БА САФИРИ ТОҶИКИСТОН ОРДЕНИ СУЛҲ СУПОРИДА ШУД
Душанбе, 2 март (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Дар пойтахти Федератсияи Русия — шаҳри Маскав ба сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мамлакат ҷоизаи мӯътабари байналхалқӣ дар соҳаи эҷоди сулҳ ва фаъолияти хайрхоҳона — Ордени сулҳ супорида шуд. Маросими супурдани орден 27 феврал дар Қасри Кремл зимни Ҷашнвораи байналхалқии фаъолияти хайрхоҳонаи «Ҷаҳони сулҳу дӯстӣ» баргузор гардид, ки дар он дипломатҳо, намояндагони зиёиёни эҷодкор, ходимони ҷамъиятӣ ва ҳомиёни сулҳ аз мамлакатҳои гуногун иштирок доштанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки сафири Тоҷикистон ба ҷоизаи мазкур барои хизматҳои арзандааш дар мустаҳкам намудани сулҳу дӯстӣ ва ҳусни тафоҳуми халқҳо, инчунин, ташвиқу тарғиби ғояҳои адолати иҷтимоӣ, хайрхоҳӣ ва шафқат дар байни ҷомеа сазовор дониста шуд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






