ДАР МАСКАВ БАХШИДА БА АФҒОНИСТОН КОНФРОНСИ СҲШ БАРГУЗОР МЕГАРДАД

Март 25, 2009 15:48

                   Душанбе, 25 март. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — 27 март дар Маскав бахшида ба вазъияти имрӯза ва проблемаҳои Афғонистон конфронси махсуси Созмони ҳамкории Шанхай гузаронида мешавад. Қарори гузаронидани конфронси мазкур моҳи августи соли 2008 дар Душанбе зимни мулоқоти сарони давлатҳои аъзои СҲШ қабул шуда буд.                   Дар ҷараёни конфронс масъалаҳои таъсири вазъияти муташанниҷи Афғонистон ба мамлакатҳои ҳамсоя, тадбирҳои муштараки тақвияти мубориза ба муқобили терроризм ва бастани роҳҳои интиқоли маводи нашъадор баррасӣ карда мешаванд. Дар конфронс вазирони корҳои хориҷӣ ва намояндагони баландпояи давлатҳои аъзои СҲШ, мамлакатҳои мушоҳид дар созмони мазкур — Афғонистон, ИМА, Туркманистон, Туркия, инчунин, муншии умумии СММ Пан Ги Мун ва роҳбарони созмонҳои мӯътабари байналхалқӣ ширкат меварзанд.

Март 25, 2009 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад