ДАР НАВРӮЗ БАЛХ САРОНИ КИШВАРҲОИ ФОРСИЗАБОНРО ИСТИҚБОЛ МЕГИРАД

Март 4, 2009 15:02

                  Душанбе, 4 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Мулоқоти саввуми Сарони кишварҳои форсизабон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни бостонии мардумони форсизабон -Наврӯз дар маркази вилояти Балхи Афғонистон- шаҳри Мазори Шариф баргузор мегардад.                   Мудири умури фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар муассисаи фарҳангии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) Меҳр Фаромарз Таманно дар мусоҳиба ба хабарнигори рӯзномаи «Ҷоми Ҷам»-и Эрон гуфтааст, ки баъди ҷаласаи вазирони умури хориҷаи се кишвари форсизабон, ки соле қабл дар Душанбе баргузор гардида буд, ҷониби Афғонистон омодагии худро ҷиҳати баргузории мулоқоти саввуми Сарони кишварҳои форсизабон дар Афғонистон эълом дошт. Меҳр Фаромарз Таманно ҳадафи баргузории мулоқоти Сарони кишварҳои форсизабонро дар Мазори Шариф тақвияти ҳамкории мутақобилан судманди фарҳангӣ, хусусан дар ҳавзаи густариши забони форсӣ арзёбӣ кардааст.                   Интизор меравад, ки Роҳбарони се кишвари дӯсту бародар ва ҳамзабону ҳамҷавор дар Мазори Шариф дар қатори баррасии масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ ва ҳамгироии минтақавӣ, яке аз масъалаҳои умдаи фарҳангӣ- таъсиси шабакаи муштараки телевизонии кишварҳои форсизабонро баррасӣ менамоянд.                   Атташеи фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориёнфар Шамсулҳақ дар сӯҳбат ба хабарнигори хабаргузории расмии Тоҷикистон» Ховар» гуфт, ки дар доираи баргузории мулоқоти саввуми Сарони кишварҳои форсизабон қарор аст, ки Сарони кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон дар маросими бардоштани парчами ҳарами мубораки Ҳазрати Алӣ иштирок хоҳанд кард. Ориёнфар Шамсулҳақ мегӯяд, ин оин ҳар сол дар рӯзи таҷлили Наврӯзи бостон ба ҷо оварда шуда, он рамзи бузургию каромоти Ҳазрати Алӣ ва шаҳодати неку бобарор омадани соли нави мардумони машриқзамин аст.

Март 4, 2009 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид