ДАР ПАНҶАКЕНТ БУНЁДИ БОҒҲОИ НАВ ВУСЪАТ МЕЁБАД
Панҷакент, 31 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Чун анъана дар арафаи иди Наврӯз ва фарорасии фасли баҳор дар шаҳри Панҷакент корҳои ободонӣ ва созандагӣ вусъати тоза пайдо мекунанд. Муовини раиси шаҳри Панҷакент Ю. Шодиев дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар ҳашари умумихалқӣ, ки дар арафаи иди Наврӯз ва фарорасии фасли баҳор доир гардид 67631 нафар сокинони шаҳру деҳоти Панҷакент иштирок намуда, тамоми хиёбону кӯчаҳоро тоза намуданд. Аз ҷумла, 838 тонна партовҳои гуногун бардошта, 67114 метр ҷӯйҳо ва роҳраву кӯчаҳо тоза карда шуд. Инчунин, 38468 бех ниҳол, аз ҷумла 8369 бех ниҳоли мевадиҳанда шинонида шуда, дар майдони 5 гектар боғ ва 3 гектар токзор бунёд гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






