ДАР СУҒД РЎЗИ МАТБУОТРО БО ТАНТАНА ТАҶЛИЛ МЕКУНАНД

Март 4, 2009 15:49

                 Душанбе, 4 март. (НИАТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар доираи таҷлили Рўзи матбуоти тоҷик, ки дар кишвар 11 март таҷлил мегардад, мулоқоти раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо журналистони вилоят дар назар аст.                  Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилоят ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ин бобат раиси вилоят қарори дахлдорро ба имзо расонд.                  Мувофиқи ин санад 11-марти соли ҷорӣ дар қаламрави вилоят Рўзи матбуоти тоҷик бо тантана таҷлил карда мешавад.                  Раиси вилоят бо қарори мазкур раисони шаҳру навоҳии вилоятро вазифадор намудааст, ки иди касбии рўзноманигорон ва кормандони муассисаҳои табъу нашрро дар сатҳи баланд ташкил намуда, барои дастгирии моддию маънавии нашрияҳои маҳаллӣ, рўзноманигорон, кормандони матбааҳо, собиқадорони матбуот, тадбирҳои зарурӣ андешанд.                 Тибқи нақшаи чорабиниҳо, интизор меравад, ки ба ин муносибат озмуни вилоятӣ миёни журналистони ҷавон таҳти унвони «Хомаи заррин», иншои беҳтарин дар мавзўи «Ваҳдат ва рушди ҷомеа» ва мусобиқаи дави умумӣ баргузор гардад.

Март 4, 2009 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид