ДАР ТЕҲРОН ҶАЛАСАИ САРОНИ КИШВАРҲОИ АЪЗОИ ЭКО ОҒОЗ ШУД

Март 11, 2009 14:39

                  Душанбе, 11март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 11 март дар Теҳрон ҷаласаи навбатии Сарони кишварҳои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ /ЭКО/ оғоз ёфт. Дар ҷаласа Дабири кулли ЭКО Хуршед Анвар гузориш дод.                  Назар ба иттилои коршиноси масоили фарҳангӣ Шоҳмансури Шоҳмирзо, иштирокдорони ҷаласа дар давоми рӯз масъалаҳои тақвияти ҳамкории иқтисодӣ, энергетикӣ, бозсозии баъдиҷангии Афғонистон, коҳиши вазъи бӯҳрони молиявии ҷаҳонро баррасӣ менамоянд. Ҳамзамон, масъалаи таъсиси шабакаи ягонаи коммуникатсионӣ байни кишварҳои аъзои ЭКО дар маркази таваҷҷӯҳи Сарони кишварҳои ин созмонии мӯътабар қарор мегирад.                  Бояд тазаккур дод, ки дар ҷаласа Сарони кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Туркия, Озарбойҷон, Туркманистон, Покистон иштирок доранд. Ҷумҳурии Қазоқистонро Сарвазири ин кишвар, Қирғизистонро муовини Сарвазир ва Ӯзбекистонро Раиси Сенати ин кишвар намояндагӣ менамоянд. Ҳамзамон, дар ҷаласаи навбатии Сарони ЭКО Президенти Ироқ ва Амири давлати Қатар ба ҳайси меҳмон ширкат доранд.                  Интизор аст,ки баъди суханрониҳои Сарони кишварҳои ЭКО ба шахсиятҳои шинохтаи давлатҳои аъзои ЭКО ҷоизаи махсус дар риштаҳои мухталиф супорида мешавад. Дар назар аст, ки чунин ҷоиза ба собиқ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Назаров дар риштаи иқтисод супорида хоҳад шуд.  

Март 11, 2009 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад