ДАР ТОҶИКИСТОН ДУ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ МУАРРИФӢ ГАРДИД

Март 18, 2009 11:16

                   Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии ду минтақаи озоди иқтисодӣ — «Суғд» ва «Панҷ» баргузор гардид.                    Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Лариса Кислякова дар оғози муаррифии ин минтақаҳои озоди иқтисодӣ қайд намуд, ки ҳадаф аз ташкили онҳо ҷалби бештари сармоягузорони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ мебошад. Ҳукумати чумҳурӣ барои таъсиси минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» дар Хуҷанд 320 гектар замин ва 400 гектар замин дар вилояти Хатлон ба муддати 25 сол ҷудо намудаст. Ҳоло маъмурияти муасcисаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз ҷониби ҳукумат ташкил шуда, роҳбарони онҳо таъин шуданд.                    Маврид ба зикр аст, ки ҳар ширкати дохилӣ ва хориҷӣ, ки ҳаҷми сармоягузориаш аз 500 ҳазор доллари амрикоӣ кам нест, метавонад бо дархост аз маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба муддати ҳади ақал се сол барои анҷом додани корҳои тавлидотӣ ва тиҷоратӣ дар ин манотиқ соҳиби замин шавад. Ширкатҳое, ки дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ дорои иҷозатнома барои фаъолият мешаванд, ба ҷуз андоз аз музди кори кормандон аз пардохти кулли андозҳо ва боҷи гумрукӣ ба муддати ҳафт сол озод мебошанд.                    Л. Кислякова афзуд, ки сармоягузорони хориҷӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳуқуқ пайдо мекунанд, то ҳар фаъолияте, ки қонунгузории Тоҷикистон манъ накардааст, анҷом диҳанд.                    Ёдовар шудан ба маврид аст, ки манотиқи озоди иқтисодии «Суғд» ва «Панҷ» дар кишвар ягона набуда, дар ояндаи наздик чунин минтақаҳо дар ноҳияи Данғара ва дар ноҳияи Ишкошим низ ташкил хоҳанд шуд.

Март 18, 2009 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд