ДАР ВАҲДАТ НЕРӮГОҲИ АЛОВӢ МЕСОЗАНД

Март 28, 2009 09:23

                  Душанбе, 28 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Бино ба иттилои соҳибкор аз шаҳри Ваҳдат Сафарбек Назаров, дар давоми солҳои 2009 — 2011 дар макази шаҳри Ваҳдат нерӯгоҳи аловӣ бо истифода аз ангишт сохта ба истифода дода мешавад. Ба гуфти соҳибкор ин тӯҳфае аз соҳибкорону сохтмончиёни Ваҳдат ба муносибати 20 — солагии ҷашни истиқлолияти кишвар хоҳад шуд.                  Иқтидори нерӯгоҳ 50 мегават буда, тамоми корхонаҳои шаҳрро бо нерӯи барқ таъмин карда метавонад.Ба гуфти Сафарбек Назаров дар сохтмони нерӯгоҳ беш аз 1000 нафар сохтмончиён ба кор фаро гирифта мешаванд. Дар кори сохтмони нерӯгоҳ сармоягузорони хориҷӣ низ ҷалб карда мешаванд.                  Арзиши сохтмони ин иншооти ҷашнӣ 65 млн. евро муайян шудааст.

Март 28, 2009 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар