ДАЪВАТИ БАҲОРӢ ОҒОЗ ЁФТ

Март 27, 2009 15:02

                      Бадахшон, 27 март. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Дар ВМКБ баробари мавзеъҳои дигари Ҷумҳурӣ даъвати баҳорӣ ба ҷузъу томҳои Артиши миллӣ оғоз гардид. Тавре муовини комиссари ҳарбии вилоят Беҳзод Саидиброҳимов иттилоъ дод, бидуни навоҳии дурдасти Ишкошиму Мурғоб дар ноҳияҳои дигари ВМКБ комиссияҳои даъватӣ таъсис дода шуданд. Дар навоҳии Ишкошиму Мурғоб рӯзҳои наздик таъсис меёбанд. Агар солҳои қаблӣ дар шомили кумиссион гардонидани духтурони пешаҳои гуногун нарасидани кадрҳо мушоҳида мешуд, имсол дар ин боб камбудиҳо нест. Рӯзи 1 -уми апрел нахустин шуда ҷавонони ноҳияи Рӯшон ба ҷузъу томҳои Артиши миллӣ сафарбар карда мешаванд. Фикр мекунам, ки соли ҷорӣ нақшаи даъвати баҳориро хеле барвақт иҷро мекунем, зеро хоҳишмандон хеле зиёданд. Омили асосии ин амал дар он аст, ки аввало тарғиботи кормандони комиссариатҳои ҳарбии шаҳру навоҳии вилоят дигар гардид ва баъдан баъди сафари волидайни даъватшудагон ба қисмҳои ҳарбии мустақар дар гӯшаю канори гуногуни ноҳияҳои вилоят бо беҳ шудани шароити хизматчиён афкори ишон хеле тағйир ёфт.

Март 27, 2009 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид