ДАЪВАТИ МУНШИИ УМУМИИ СММ
Душанбе, 4 март (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Муоҳидаи Оттава дар бораи манъи истеҳсолу истифода ва захира кардани минаҳои зиддипиёдагардон 10 сол пеш қабул шуда буд. Дафтари матбуоти СММ хабар медиҳад, ки дар ин муддат дар мамлакатҳои гуногун даҳҳо миллион мина безарар гардонда шуд. Айни ҳол истеҳсол, истифода, фурӯш ва ба мамлакатҳои дигар додани чунин минаҳо тақрибан қатъ гардидааст. Соли гузашта дар ҷаҳон бештар аз 200 ҳазор мина безарар гардонда шуд. Аз ҷумла, дар Афғонистон қариб 80 ҳазор минаи зиддипиёдагардон нобуд карда шуд. Муоҳидаи манъи истифода, захира кардан ва ба мамлакатҳои дигар додани минаҳои зиддипиёдагардон ва нобуд сохтани онҳо 18 сентябри соли 1997 қабул карда, 1 марти соли 1999 эътибор пайдо намуд. Муоҳидаи мазкурро айни ҳол 156 мамлакат эътироф намуда аст. Вале то ҳол сокинони 80 мамлакат дар натиҷаи мавҷудияти минаҳои марговар дар шароити тарсу ҳарос зиндагӣ ба сар мебаранд. Ҳар сол дар миқёси ҷаҳон қариб 20 ҳазор нафар бар асари таркиши минаҳо ҳалок мегардад. Муншии умумии СММ ба муносибати даҳсолагии қабули муоҳидаи Оттава давлатҳои ҷаҳонро бори дигар даъват намуд, ки барои нобуд сохтани ҳамаи минаҳои зиддипиёдагардон, расондани кӯмак ба осебдидагон ва мамлакатҳои гирифтори ҷанг тадбирҳои иловагӣ андешанд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки соли 2008 дар Тоҷикистон бар асари таркиши минаҳо 4 нафар ҳалок ва 9 нафар маҷрӯҳ гардид. Дар Тоҷикистон баъди соли 1992 дар натиҷаи таркиши минаҳои зиддипиёдагардон 350 нафар ҳалок ва 443 нафар маҷрӯҳ шудааст.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






