ДИДОРИ Э. РАҲМОН БО А. ХОМЕЙНӢ
Дар шаҳри Теҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари муаззами Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Алии Хоманеӣ вохӯрӣ намуд. Зимни сӯҳбат Эмомалӣ Раҳмон нахуст Алии Хоманеиро бо фатҳи кайҳон, ки тавассути мушаки эронӣ сурат гирифт, шодбош гуфта, ин рӯйдодро намунаи барҷастаи болоравии иқтидори кишвари Эрон ва боиси ифтихори дӯстони он дар тамоми олам маънидод кард. Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин доир намудани ҳамоиши даҳуми ЭКО — ро низ яке аз иқдомҳои муҳим баҳри густариши ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ ва болоравии обрӯи Эрон дар минтақа арзёбӣ намуд.Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвари дӯсту ҳамзабонро дорои захираҳои ҳанӯз истифоданашудаи зиёд номида, пешниҳод намуд, ки ҳарчи зудтар Барномаи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ барои солҳои 2009-2015 таҳия ва қабул карда шавад. Густариши ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар дар сатҳи байнидавлатӣ ва ҳам тавассути иштироки бахши хусусии Эрон дар иқтисодиёти Тоҷикистон ва таъсиси бештари корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ мувофиқи мақсад дониста шуд. Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба кам кардани мӯҳлати сохтмони нерӯгоҳи обии Сангтӯда-2, анҷоми пурраи нақби Истиқлол, оғози сохтмони нерӯгоҳи обии «Шӯроб» ва нерӯгоҳҳои хурди обӣ, нақби Чормағзак ва дигар лоиҳаҳои инфрасохторӣ сурат гирифт. Истифодаи имкониятҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бобати тайёр намудани мутахассисони бахшҳои саноат, энергетика, роҳу нақбсозӣ ва технологияҳои муосир низ барои Тоҷикистон муҳим маънидод гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода аз шаҳри Теҳрон иттилоъ дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






