ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР ДОНИШГОҲИ БУНИНИ РУСИЯ ТАҲСИЛ МЕНАМОЯНД

Март 3, 2009 15:12

                Душанбе, 3 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҳамкории мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия беш аз пеш густариш меёбад. Далели ин ба имзо расонидани Созишнома байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии ба номи И.А. Бунини шаҳри Елетскийи Федератсияи Россия мебошад.                 Мақсади ба имзо раоснидани Созишномаи мазкур таҳкими хамкориҳои судманд дар соҳаи илм ва маориф аз ҷумла, иҷрои «Қарордод оид ба ҳамкорӣ ҷиҳати таъсиси фазои ягонаи таҳсилоти давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» мебошад, гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Маркази матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев.                Тибқи ин созишнома ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон , ки бо забони русӣ озод сухан мегӯянд, дар асоси озмун метавонанд, бо ихтисосҳои гуногуни техникӣ, педагогӣ, ҳуқуқшиносӣ, таърих, иқтисодӣ, филологӣ, кишоварзӣ, ки номгӯи онҳо 37-тоанд, таҳсил намоянд. Донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаомӯзии худро дар таътили тобистона тибқи муқаррарот дар риштаи шевашиносӣ ва эҷодиёти шифоҳӣ (фолклор) мегузаронанд.                 Ҳамзамон, Донишгоҳ дар зинаи магистратура донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии Тоҷикистонро ба ихтисоси ҳуқуқшиносӣ, физика-математика, филолог ва педагогика қабул мекунад. Аспирантон ва докторантон низ таҳсилро дар Донишгоҳи давлатии ба номи И. А. Бунин вобаста ба ихтисосҳо идома дода, рисолаҳои худро тибқи талаботи Комиссияи олии аттестатсионии Федаратсияи Россия дифоъ менамоянд.  

Март 3, 2009 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!