ДУШАНБЕ СОҲИБИ ХАРИТАИ ЭЛЕКТРОНӢ МЕШАВАД

Март 11, 2009 14:38

                       Душанбе, 11 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар ояндаи наздик дар пойтахт системаи нав — насби дастгоҳҳои назоратӣ, ки дорои камера ва экранҳоянд ба роҳ монда мешавад. Тибқи иттилои муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдуҳомид Шералиев, алҳол мутахассисони ширкати «Хуавей»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин корро дар ин самт шурӯъ карданд.                        Мақсад аз роҳандозии системаи нав, яъне харитаи электронӣ ин назорат кардани воситаҳои нақлиёт, ба қайд гирифтани самти ҳаракати онҳо, инчунин идоракунии системаи хизматрасонӣ ва танзими нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт буда, он ба таъмини бехатарӣ дар пойтахт ва ҳаракати пиёдагардон мусоидат менамояд.                        Маркази идоравии камераҳои назоратиро операторон, ки аз зумраи мутахассисони ботаҷрибаанд, идора менамоянд.                       Абдуҳомид Шералиев меафзояд, ки Барномаи мазкур дар давоми ду сол дар асоси Шартномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ гардонида мешавад. Бояд тазаккур дод, ки ба роҳ мондани чунин системаи нави электронӣ талаботи ҷомеаи муосир ва мутамаддин буда, таҷрибаи баъзе кишварҳои Аврупоӣ ва Осиёӣ аз ҷумла, Чин ва Ҷопон истифода мешавад.

Март 11, 2009 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид