ДУЗДОН ХОНАИ СОКИНИ ЧКАЛОВСКРО ҒОРАТ КАРДАНД

Март 18, 2009 15:40

                     Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Дар шаҳри Чкаловск ҳодисаи нави дуздии маблағи калони пул ба қайд гирифта шуд. Шахсони номаълум ба хонаи сокини шаҳр М.Раҳмоноваи 46 — сола даромада, аз он ҷо 44 ҳазору 200 доллари ИМА -ро ба яғмо бурданд. Дар ҷараёни тафтиш муқаррар карда шуд, дуздон 4 нафар сокини шаҳри Чкаловск буда, ду нафари онҳо шахсони ноболиғ мебошанд.                     Кормандони милиса вобаста ба ин воқеа ду шахси гумонбар — Ш.Абдуғаффорови 26 — сола ва Мӯъмин ном шахсро дастгир карданд. Як қисми маблағи дуздидаи онҳо баргардонда шуд. Ду нафари дигари гумонбар ҷустуҷӯ карда мешавад.                     Аз дафтари матбуоти ВКД ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки вобаста ба ин воқеа парвандаи ҷиноӣ кушода шуд ва тафтиши он давом дорад.  

Март 18, 2009 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид