ЭМОЛӢ РАҲМОН БА ЭРОН ВА ТУРКИЯ САФАР КАРД

Март 10, 2009 15:53

                      Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар мулоқоти Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар кард.                      Дар фурӯдгоҳи пойтахт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.                      Зимни ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) иштирок ва суханронӣ намуда, ҳамчунин бо роҳбарони як қатор давлатҳои аъзои ин созмони бонуфузи минтақавӣ мулоқот анҷом медиҳад.                      Дар ҳамоиши Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) дар шаҳри Теҳрон асосан масоили ҳамгироии кишварҳои аъзои он дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, энергетика ва нақлиёту коммуникатсия, аз ҷумла дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ баррасӣ мешаванд.                      Хотиррасон бояд кард, ки Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) соли 1985 аз ҷониби се давлат — Эрон, Покистон ва Туркия таъсис ёфта, аз соли 1992 ба он 7 давлати нав — Афғонистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон шомил гашта буданд.                       Дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо роҳбарияти он мулоқотҳои дуҷониба анҷом дода, аз якчанд минтақаҳои озоди иқтисодӣ боздид мекунад ва баҳри густариши муносибатҳои иқтисодии байнидавлатӣ ва байниминтақавии ду кишвари дӯсту ҳамзабон заминаҳои нав эҷод хоҳад кард.                      Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар Форуми панҷуми умумиҷаҳонии об аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Туркия хоҳад рафт.                      Дар ин сафар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷии мамлакат Ҳамрохон Зарифӣ, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, Вазири рушди иқтисод ва савдо Ғуломҷон Бобозода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

Март 10, 2009 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад