ФАЪОЛИЯТИ АГЕНТИИ РУШДИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ИМА ДАР ТОҶИКИСТОН ВУСЪАТ МЕЁБАД
Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Ба оғози фаъолияти Агентии рушди байналхалқии ИМА дар Тоҷикистон 15 сол пур шуд. Фаъолияти он дар Тоҷикистон соли 1992 оғоз ёфта буд, соли 1993 дар шаҳри Душанбе намояндагии Агентӣ кушода шуд. Халқи Амрико аз ҳамон солҳо сар карда, ба воситаи барномаҳои гуногун барои рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла, тандурустӣ, маориф ва сохторҳои демократӣ зиёда аз 300 миллион доллар ҷудо намуд. Илова бар ин барои бартараф сохтани оқибатҳои ҷанги дохилӣ ва фалокатҳои гуногуни табиӣ кӯмакҳои хайрия расонда шуданд. Сафири кабири ИМА дар Тоҷикистон Трейси Энн Ҷейкобсон ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки фаъолияти агентӣ айни ҳол ба вусъат бахшидани ҷараёни ислоҳот дар мамлакат, беҳтар намудани шароити тиҷорату сармоягузорӣ, густариши фаъолияти худидоракунии маҳаллӣ, дастгирии маориф, истифодаи таҷрибаи мусбати соҳаи тандурустии байналмилалӣ, пешгирии бемориҳои вазнин ва ғайра равона шудааст. Буҷети агентӣ дар Тоҷикистон соли 2010 ба 45 миллион доллари ИМА мерасад, ки нисбат ба буҷети мамлакатҳои дигари минтақа зиёд аст, гуфт сафир.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






