ФАРМОНИ САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР БОРАИ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТ

Март 17, 2009 17:21

                      Душанбе, 17 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади такмили қонунгузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ «Дар бораи таъсиси Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон содир кард.                       Дар фармони мазкур омадааст, ки низомнома ва сохтори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуда, шумораи умумии кормандони Маркази мазкур 40 воҳид (бе дарназардошти ҳайати хизматрасон) муайян гардад.                       Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ шуда, Ҳукумати ҷумҳурӣ вазифадор шудааст, ки ҷудо намудани маблағҳо ва таъминоти дигари моддию техникии ин Марказро амалӣ намояд. Инчунин, Ҳукумати мамлакат бояд дар мӯҳлати ду моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо фармони мазкур мутобиқ намуда, дар татбиқи он чораҳо андешад.

Март 17, 2009 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд